3 Июл 2024 - 17:30
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Марҳилаи дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон бисёр муҳим аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон марҳилаи дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Эронро бисёр муҳим донистанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз - чаҳоршанбе дар дидори сарпарасти ҷадид, мудирону ҷамъе аз асотиди Мадрасаи олии шаҳид Мутаҳҳарӣ, мушорикати мардуми Эрон дар интихоботро пуштвонаву мояи сарбаландии низом хонданду таъкид карданд: Ҳар қадар мушорикат беҳтар, сареҳтару равшантар бошад, низом барои таҳаққуқи аҳдофи худ дар дохил ва пайгирии аҳдоф дар маҷмӯаи имтидоди роҳбурдии кишвар, аз тавоноии бештаре бархӯрдор хоҳад шуд, ки ин масъала фурсати бисёр бузурге аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мизони мушорикат дар марҳилаи аввали интихоботро камтар аз ҳадди таваққуъ ва хилофи пешбиниҳо хонданду гуфтанд: Ин масъала илале дорад, ки аҳли сиёсату ҷомеашиносон онҳоро баррасӣ мекунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ тасаввури бархеҳоро мабнӣ бар ин ки ҳар касе дар марҳилаи аввал раъй надода, мухолифи низом аст, сад дарсад иштибоҳ хонданду афзуданд: Мумкин аст иддае аз бархе масъулон ва ё ҳатто низоми исломӣ хушашон наёяд, ҳамон гуна, ки озодона ин ҳарфҳоро мезананд, аммо ин зеҳният, ки ҳар касе раъй надода, муттасил ба ин афрод ва ин тарзи фикр аст, комилан ғалат ва иштибоҳ аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, хелеҳо мушкилу кор ва гирифторӣ доранд ва ё ба илали дигар дар раъйгирӣ ширкат накарданд, ки иншоаллоҳ дар марҳилаи дувум иҷтимои мардум пои сандуқҳои раъй шавқангезу мояи обрӯи низом бошанд.Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ибрози умедворӣ карданд, Худованд тавфиқи беҳтарин интихобро ба мардум иноят фармояд то фарди мунтахаб битавонад аҳдофи низому миллатро муҳаққақ кунад.

Чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон барои таъйини нуҳумин раиси ҷумҳурӣ рӯзи ҷумъаи 28 июн дар 59 ҳазор шуъбаи дохил ва 95 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.

Марҳилаи дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон рӯзи ҷумъаи панҷуми июл (15 тир) баргузор мешавад.

Масъуди Пизишкиён ва Саиди Ҷалилӣ ба унвони нафароти аввалу дувум ба даври дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон роҳ ёфтанд.

342/